Аъзоёни созмони хонандагони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омаданд.

Дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни созмони хонандагон дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ  маросими гулчанбаргузорӣ доир гашт. Сипас бо иштироки зиёда  аз 2000 нафар  раҳпаймоӣ бахшида  ба ин муносибат доир гардид.  Идомаи чорабинии мазкур дар Қасри Ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ баргузор гашт. Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва аъзоёни созмони талабагӣ иштирок намуда, ғолибони озмунҳои эълонгардидаро бо диплом ва  тӯфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.