АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ОЁ СОКИНОНИ БЕКОРРО БО КОР ТАЪМИН НАМУДА МЕТАВОНАД?

Барои тадбиқи барномаи мусоидат барои шуғл барои солҳои 2019-2020 дар ҳудуди шаҳру деҳоти шаҳри Исфара дар давоми ҳашт моҳи соли 2019 935 нафар бекорон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин бо роҳхати раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои омӯхтани касбҳои гуногун дар шаҳри Исфара 279 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар раёсат давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ барои 53 нафар бекорон барои ташкили корҳои худ карзҳои бефоиз дода шудааст. Дар 8 моҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара 13 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, аз тарафи раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра барои касбомӯзии занону духтарони деҳоти дурдасд курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда шуд. Ин нуқтаро Нуррулло Қурбонов Сардори агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара иброз медорад. Бояд тазаккур дод, ки бо кор таъмин намудани аҳолӣ вазифаи аввалин дараҷаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аст. Барои бо кор таъмин намудани бекорон агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Исфара ҳамасола ярмаркаи ҷойҳои кории нав баргузор менамояд. Инҷо суоли матраҳ ин аст, ки ҷойҳои кории пешниҳодшударо муроҷиаткунандагон қабул мекунанд ё не? Оё маоши пешниҳодшуда корафтодагонро қонеъ мекунад? Ба ин суолҳо яке аз корафтодагон Абдуламид ибрози андеша намуд.

Барои амиқ муайян намудан ва муқоиса бо солҳои қаблӣ, омори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолиро тариқи диаграмма мешниҳод менамоем.
Дар вилояти Суғд аз ҷумала шаҳри Исфара ҳамасола чандин маротиба ярмаркаи ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад. Аммо боз ҳам ба кор таъмин шудан ва маоши заруриро ба даст овардани корафтодагон зери суол мемонад. Нафарони аз муҳоҷират ихроҷшуда, маҷбуран бо маблағи кам фаъолияташонро ба роҳ мемонад, аммо аксари бекорон барои зиёдтар кор намудани маблағ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Исматхӯҷа МАҚСУДОВ,
шаҳри Исфара

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.