Абдураҳмон Қодирӣ: 31%-и хизматчиёни давлатӣ ҷавононанд

Дар вилояти Суғд 656 нафар ҷавонон аз ҷумла 184 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои гуногун ҳамчун хизматчии давлатӣ кор мекардаанд. Дар ин бора Абдураҳмон Қодирӣ, раиси ин вилоят зимни баргузории чорабинии калони консертии шоми 23 май изҳор намуд. Қодирӣ гуфт, 31 дарсади хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. «Аз онҳо 110 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолияти пурсамар доранд. 400 нафар ҷавонони пешқадам вакилони мақомоти маҳаллии намояндагӣ аз ҷумла 350 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 50 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳру ноҳияҳо мебошанд.»
Дар рӯзи ҷавонон ба 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантон идрорпулии раиси вилоят тақдим карда шуд. Ба ғолибони Фестивал-озмуни «Гулдухтарони суғдӣ» тӯҳфаҳои махсуси мақомот тақдим гардид. Барномаи фарҳангикунонидашуда дар назди пояи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” тақрибан се соат давом кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.