Аҷоиботи сайри харбуза

Имсол низ мисли анъана дар шахри Хуҷанд Иди асал ва сайри харбузаву каду баргузор гашт. Мисли солхои пешин дар ин ид намояндагон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд асалҳои парваридаашонро барои фурӯш ва намоиш гузоштанд. Дар баробари навъҳои гуногуни харбузаву каду ва асал дар иди имсола боз аҷоиботи дигаре ҳам буданд.

Нонпазону қаннодон дар сайри харбузаву каду маҳсулоташонро манзури тамоошобинон гардониданд. Дар байни нонҳои пазандагони шаҳри Истаравшан нони 25-килограммӣ хеле ҷолиб буд. Онро дар тафдон дар рӯи қолаби махсус гузошта пухтаанд. Он нони савғоӣ мебошад. Дар байни кадуҳое ки деҳқонони вилоят ба ид овардаанд, як чизи аҷиб низ буд.

Ин ҳам бошад, кадуи хурд ба мисоли донаҳои афлесун аст. Агар кадуҳои навъи маҳаллӣ саллакаду, тамошокаду, паловкаду ном дошта бошанд, то ҳол ин кадуи хурд номи муайянро дар байни мардум надорад. Онро бо номи кадуи хитойи мешиносанд. Чунки тухмашро аз ҷумҳурии мардумии Чин овардаанд. Аллакай, дар ноҳияи Зафаробод ин навъи каду дар бозор харидоргир шудааст. Мегӯянд, ки кадуҳои хитойиро дар деги манту пухтан хеле қулай аст ва маззааш ҳам хушу хурданбоб аст.Ғайр аз каду аҷоиботи дигареро харбуза ҳам доштааст. Агар ба он нағз аҳамият дода кас кор кунад, қанот мебаровардааст. Қанотбарории харбуза аз маҳорати хуби ороишгари дастурхон вобаста аст.

Агар харбузаю тарбузаро ҳам пурсамар истифода барад, бо як харбуза киштӣ сохтан мумкин будааст. Киштии сутундори хуб, ки кас аз тамошояш сер намешаваду худи харбузаи онро ба хӯрдан ҷуръат намекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.