70-соли зиндагӣ ва 50-соли омӯзгорӣ

Дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани ҷашнҳои шахсони барӯманд ба ҳукми анъана даромадааст. 70-солагии муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик Муҳаббат Шарифхӯҷаева дар толори мактаби тахсилоти умумии рақами 8-и шаҳр баргузор гашт. Муҳаббат Шарифхӯҷаева давоми 50-соли фаъолияти омӯзгорияш ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд.

Ӯ солиёни дароз дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-и шаҳр фаъолият бурдааст. Дар рӯзи ҷашн Муҳаббат Шарифхӯҷаева гули сари сабади маҳфил буд. Дар толор шогирдони сершумори муаллима ҷамъ омаданд. Мудири шӯъбаи маорифи шахри Хуҷанд Мирзоаҳмад Аҳмадзода низ баромад карда табрикоти самимии маорифчиёнро ба соҳибчашн арз дошт. Одатан, дар чунин рузхо тамоми баромадкунандагон аз хислатхои неки сохибчашн сухан мекунанд.

Угулой Умаралиева, ки замоне дар шуъбаи маорифи шахр кор мекард, накл кард, ки пеш аз гузаронидани дарси кушод ба сари муаллима тубакчаи гул афтода буду ба захм нигох накарда он кас дарс гузашта буданд. Ин гуна мисолхоро аз ҳаёти Муҳаббат шарифхучаева дигар баромадкунандагон низ қайд карда гузаштанд. Дар маҳфили сарояндагони мумтоз низ барои болидахотирии аҳли нишаст сурудҳои худро тақдим карданд. Шахсонибисёре муаллимаро бо суханони нек табрик гуфтанд. Шогирдони зиёд Мухаббат Шарифхӯҷаеваро гулборон карданд. Аммо нуқтаи асосии ин нишаст дар баромади ҳамсари соҳибҷашн Алиҷон Солиев буд. Шавҳар ба хотири зодрузи хамсараш китобе бо номи «Муҳаббат ва садоқат» нашр намуд. Дар лаҳзаҳои хотирмон боз як бори дигар Алиҷон Солиев арзи муҳаббаташро ба ҳамсараш, ки 50-сол бо ҳам зистаанд, баён дошт. Дар охири маҳфил худи соҳибчашн Муҳаббат Шарифхӯҷаева баромад карда барои ташкили чунин чорабинии тантанавӣ арзи сипоси худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд расонид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.