50 000 сомони шуморо интизор аст! Имконияти хубро аз даст надиҳед!

Соли чаҳорум аст, ки Бонки Эсхата аксияи «Рушди ҳамкорӣ»-ро эълон намуда, дар доираи он барои гирандагони интиколи пулӣ имконияти бурди тӯҳфаҳои қимматнокро пешниҳод мекунад.

Автомашинаҳои Мерседес–Бенс, телевизор ва смартфонҳои замонавӣ, роҳхат ба Дубаи афсонавӣ ва тӯҳфаҳои пулӣ соҳибони худро аз соли 2014 то ба имрӯз дарёфт карданд, зеро аксияи «Рушди ҳамкорӣ» бори аввал бахшида ба 20-солагии таъсисебии Бонки Эсхата эълон гардида буд. Аз ҳамон вақт сар карда аксияи «Рушди ҳамкорӣ» характери анъанавӣ пайдо карда, соле як маротиба аз моҳи май то сентябр гузаронида мешавад.

Имсол низ Бонки Эсхата аксияи «Рушди ҳамкори 2017»-ро барои гирандагони интиқоли пулӣ эълон менамояд! Ин навбат бонк доираи имкониятҳои бурдро бо зиед кардани шумораи тӯҳфаҳо восеъ мегардонад.

Тӯҳфаи асосии имсола — тӯҳфаи пулӣ буда, 6 адад 50 000 сомонӣ муқаррар карда шудааст!!!

Хотиррасон мекунем, ки бурди тӯҳфаи асосии аксияи «Рушди ҳамкори 2017» дар даври ҷамбастӣ, яъне марҳилаи сеюми аксия дар моҳи октябри соли равон гузаронида мешавад. Раванди бурдро мизоҷони бонк метавонанд тариқи барномаи телевизионӣ, ки маҳз ба даври ҷамбастии аксия бахшида мешавад, тамошо кунанд.

Чун анъана, ғолибони даври якум ва дуюми аксия низ соҳиби туҳфаҳои пулӣ мегарданд. Ҳамин тавр мувофиқи шартҳои аксияи «Рушди ҳамкори 2017» дар ҷамбасти даври аввал 6 нафар ғолибон муайян карда мешаванд, ки ҳар яке соҳиби 3000 сомони мегардад. Дар даври дуюми аксия бошад 6 нафар ғолибони муайянгашта 5000 сомони туҳфаи пулӣ мегиранд. Фаъолтарин иштирокчиени аксия низ чун ҳамасола бетараф намонда, онҳоро низ зиеда аз 300 тӯҳфаҳои иловагӣ интизор аст.

Бояд қайд кард, ки аксия «Рушди ҳамкори 2017» аз мизоҷон ягон хароҷоти иловагиро талаб намекунад: барои иштирокчии аксия шудан танҳо аз низомҳои байналхалқии интиқоли пулӣ дар Бонки Эсхата истифода бурда, соҳиби купони иштирокчии аксия бо рақами тартибӣ гардед. Ин купон роҳхат барои бурд аст.

Аксияи «Рушди ҳамкори 2017» аз санаи 15 май то 30 сентябри соли равон дар се минтақаҳои кишвар: ш. Душанбе ва НТМ, вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида мешавад. Дар ҷамбасти ҳар як марҳилаи аксия туҳфаҳои пулӣ байни минтақаҳои дар боло зикргардида дар алоҳидагӣ бурд карда мешаванд.

Инак, боз як бори дигар хотиррасон мекунем, ки Фонди тӯҳфаҳои аксияи «Рушди ҳамкори 2017» чунин аст:

Даври якуми аксия: 3000 сомони – 6 адад.

Даври дуюми аксия: 5000 сомони – 6 адад.

Даври сеюми аксия: 50 000 сомони — 6 адад.

Тӯҳфаҳои иловагӣ барои фаъолтарин иштирокчиени аксия – зиеда аз 300 адад!

Аз интиқоли пулии Бонки Эсхата истифода карда, имконияти бурди пули калонро аз даст надиҳед!

Барои маълумоти муфассал ба рақами 44 600 0 600 занг занед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.