360 МУРОҶИАТ ДАВОМИ 24 СОАТ БА ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ ТИББӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

360 муроҷиати шаҳрвандон ба стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ давоми як шабонарӯз ба қайд гирифта шуд. Ин нишондод санаи 5-уми май дар дафтари қайди стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ сабт шудааст. Танҳо дар зерстансияи Ёрии таъҷилии тиббӣ, ки дар соҳили рости дарёи Сир ҷой гирифтааст, шумораи муроҷиаткунандагон 120 нафар мебошанд. Ин маълумот ҳангоми боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин зерстансия ба даст омад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.