Сарфарозиддин 10 ҳазор байтро аз худ карда, соҳиби 30 ҳазор сомонӣ шуд. Вай аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст. 5 сол инҷониб дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Байтҳоро аз осори адибони классикӣ аз худ карда, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷоий аввалро соҳиб шуд.