БОЗОРИ АНГИШТ ГАРМ ШУД. ОЁ ДАР ХУҶАНД ИНТИҚОЛИ БАРҚ МАҲДУД МЕШАВАД?
Маҳдудияти нерӯи барқ боиси гарм шудани бозори ангишт гардид. Нахри ангишт аз арзиши пештарааш то 50 дирам боло рафт. Дар шаҳри Хуҷанд сару садоҳои нав пайдо шуд, ки гӯё барқро 5 соат хомӯш мекунанд. Аммо шабакаҳои барқи Хуҷанд расман иттилоъ доданд, ки сару садоҳои ҷойдошта асос надорад. Маҳдудият ба шаҳри Хуҷанд тааллуқ надорад. Айни замон сокинон 24 соат бо барқ таъмин ҳастанд.