ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНИИ ЗАМОНИ ШӮРАВӢ ДУБОРА БАРҚАРОР ХОҲАД ШУД
Гузаргоҳи зеризаминии замони Шӯравӣ, ки дар мавзеи комбинати шоҳибофии шаҳри Хуҷанд мавҷуд аст, дубора мавриди истифода қарор мегирад. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳангоми боздид аз хиёбони Исмоили Сомонӣ ин супоришро ба масъулин дод. Дар ин бора навори аввалини барнома, ки аз дафтари МИҲД шаҳри Хуҷанд ба мо дастрас шудааст, маълумот медиҳад.