Мотосикл сабаби марги ҷавони 20-сола гардид

н. Бобоҷон Ғафуров, «СМ-1» /Ҳалимҷон Ҷӯраев/ Мазор зад ва ё ки беаҳамиятии ронанда боиси марг гашт.

Санаи 02-юми январи соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 13:30 дақиқа ронандаи мотосикли тамғаи «Восход-ЗМ» Сатторов Умид Раҳимович, ки соли таваллудаш 1990 миллаташ бошад ӯзбек сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷамоати деҳоти Исфисор нақлиёти худро идора карда натавонист.

Вай бо суръати баланд ҳаракат карда, дар деҳаи Куб-Тӯйлики ҷамотаи Исфисор ба девори зиёратгоҳи Кӯк-Кунлик Ато бармехӯрад. Сокинони маҳала бошанд вақти ба амал омадани садама дар ҳайрат афтоданд. Як нафар шоҳиди ҳодиса дар сӯҳбат гуфт: -Вақте, ки мотостикл ба девори зиёратгоҳ бархӯрд садои баланде ба гӯшам расид. Мо сокинони маҳалла фикр кардем, ки замин ҷунбидааст. Баромада дидем, ки ронанда дар ҳолати вазнин қарор дошт.

Ба гуфти кормандони БДА-и ноҳия ҳангоми бархӯрдани мотостикл ба девори зиёратгоҳ ронанда ҷароҳати ҷиддии ҷисмонӣ бардоштааст. Баъди садама ронанда ба беморхонаи шаҳри Қайроқум бистарӣ мегардад. Умид Сатторов баъд аз чанд вақт дар ин беморхона ба ҳалокат мерасад.

Баъди ҳалок гардидани ронанда кормандони БДА-и ноҳия нақлиёти ба деворбархӯрдаро ҳамаҷониба омӯхтанд.Кормандони БДА-и ноҳияи Б.Ғафуров маълум карданд, ки ронанда Умед Сатторов дар худ ягон хел ҳуҷҷати ронандагӣ надоштааст. Инчунин матостикли ӯ берақами қайди давлати асту дар мақомоти дахлдор ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин мототсикл сабаби марги Умиди 20-сола гашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.