Субҳи имрӯз санаи 28-уми декабр иҷрокунандаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 100 нафар донишҷӯёну хонандагони фаъол стипендияи раиси шаҳрро тақдим намуд. Гирандагони Стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд, ғолибони озмуни тестии “Гирандагони стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд” буданд, ки он аз ҷониби МИҲД шаҳр ташкил ва гузаронда шуда буд. Мафтуна Шукурова ва Наимҷон Аюбов аз рафти тақдими Стипендия гузориш омода кардаанд.