Ҷузъиёти нави ҳодисаи терористии дар Хуҷанд рухдода

Хуҷанд. «СМ-1» /Ислом Раҳимов/. Мақомоти қудратии вилояти Суғд тафтиши ҳодисаи терористии санаи 3-уми сентябр дар Хуҷанд рухдодаро идома дода истодаанд.

Бино бар иттилои прокуратураи вилояти Суғд боз чанд нафар шахсони ба ин ҳодиса дастдошта боздошт гаштаанд.

Дар шаҳри Истаравшан аз хонаи як нафар сокини маҳаллӣ, ки бино ба изҳороти прокурори вилоят ба ин ҳодиса даст дорад, аслиҳаҳои ҷангӣ дарёфт гардидааст. Юсуф Раҳмонов дар нишасти хабарӣ баён кард, ки ду дона тапонча, 200 дона тир, 100 дона детонатор ва дигар лавозимоти ҷангӣ ва аслиҳаҳои тарканда дарёфт ва мусодира гаштааст.

Прокурори вилояти Суғд Юсуф Раҳмонов ба хотири халал наёфтани сирри тафтишотӣ оид ба шахсияти дастгиршудагон маълумот надод. Санаи 3-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳавлии Раёсати минтиқавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, таркиш рух дода буд. Дар натиҷа чанд нафар захмин ва 3 нафар кушта шуда буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.