Ҷинояткории ноболиғон меафзояд

Хуҷанд, «СМ-1» /Ислом Раҳимов/. Дар вилояти Суғд даст ба ҷинояткорӣ задании ноболиғон боиси ташвиш гаштааст. Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғон дар ҳудуди вилоят 179 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2009 47,9 % зиёд аст.Яъне ин қабил ҳодиса агар дар соли 2009 121 ҳолат бошад, дар соли 2010 179 ҳолат аст.

Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Шариф Назаров баён мекунад, ки дар давраи ҳисоботи бо 3 ҳазору 278 нафар ноболиғ корҳои профилактикӣ ва сӯҳбатҳо гузаронида шудааст, аммо онҳо бенатиҷа мондаанд. Вай мегӯяд: «Мутаассифона,чораҳои профилактики амаликардашуда баҳри содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон мусоидат карда натавонистанд». Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нисбати 440 кӯдак дар вилояти Суғд ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, 15 маводи маъмурӣ нисбати волидони онҳо ба комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ирсол гаштааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.