Ҳоли хароби масҷиди Гумбаз

Ин манзараи хароб, ҳолати имрӯзаи масҷиди Гумбаз аст. Замоне онро шахси соҳибмаърифати шаҳр тоҷир ва ношири китоб Ҳоҷӣ Сиддиқи Хуҷандӣ бунёд карда буд. Бинои шашкунҷа ва гумбази болои он сад сол пеш ифтихори шаҳр ва ҷои тамошо буд. Мардум барои тамошои гумбазу моҳи нилобиранги болои он меомаданд, вале имрӯз аз шукӯҳи пешинааш танҳо хотираҳои нафароне, ки онро дидааст, боқӣ мондааст. — Гумбаз дар ин гирду атроф бинои баландтарин буд. Дар болои он моҳи кабудаш буд, ки онро мо ба тамошо меомадем. Диданӣ ҷой буд, — мегӯянд куҳансолони маҳалла.

Бинои гумбази таърихӣ аз хишти хоми паҳн ва синҷҳои чӯбин бунёд гашта буд. Он ҳусни зебо аз берун дошт. Кунгура, муқарнаскорӣ ва гаҷкории он ҳамто- надошт, мегӯянд, нафароне, ки онро пеш аз вайроншавиаш дидаанд. Ҳоло ҳам бо гузашти зиёда аз сад сол гаҷкори гирди меҳроби масҷиди Гумбаз боқӣ мондааст. Дар замони шӯравӣ бинои гумбаз ва айвони ба он часпидаро барои манзили зист ҷудо карданд. Дар деворҳои боқимондаи он имрӯз сӯрохиҳои барои ҷӯб кофтаи сокинони он боқӣ мондаасту гувоҳӣ медиҳад, ки мардум то чӣ андоза ба ёдгории меъморию таърихӣ бепарвоянд. Рӯзе аҳли маҳалла садои баландеро шуниданду омада диданд, ки нисфи гумбази таърихӣ афтодааст. — Дар замони союз ба масҷид як оила омада зиндагӣ мекард. Онҳо барои мошини Жигулияшон гарадж месозам гуфта ду бозуи Гумбазро тарошиданд. Ду тарафи онро беқувват карданд. Як рӯз душанбе буд, камакак замин ҷунбид. Садои гуппи баромад. Омада бинем нисфи Гумбаз фурӯ рафтааст,- мегӯяд Маҳкамҷон Абдуллоев. Дар замони истиқлолият аҳли маҳалла ба хукумати шаҳр муроҷиат карда, ба ободонии масҷиди қадима шурӯъ карданд. Пешайвоне ки ба Гумбази боҳашамат пайваст буд, аз вайронкории дасти инсон эмин мондааст. Дар дохили он ҳоло сокинони маҳалла намоз мехонанд. Сақфи вассачӯбӣ ва сутунҳои он тоза карда шуданду ба рӯи он алиф молиданд. Дар тоқи айвон бошад, санаи бунёди масҷиди Гумбаз ва ё худ масҷиди Ҳоҷӣ Сиддиқи Хуҷандӣ соли бунёдаш 1304 сабт гаштааст, ки он баробари соли 1886-1887 мелодӣ аст. Кӯшишҳо барои барқароркунии гумбази таърихӣ ба харҷ дода шудааст. Аммо то ҳол дунё ба умед аст. Замоне гумбази таърихӣ аз бепарвогии сокинони шаҳр хароб гашта буд. Имрӯз бошад, духтарчаҳои маҳалла саҳни масҷидро омада рӯбучин мекунанду дуои пирони намозхонро мегиранд. Солҳои 30-уми асри гузашта бобои Ҳоҷӣ Маҳкамҷон Абдуллоев дар ин ҷо имом буд. Ҳоло худи ӯ вазифаи бобяшро идома медиҳаду дасти дуо мебардорад, ки ҳарчи зудтар гумбази таърихи бунёд гардад.

Масҷиди Гумбаз дар қафои бозори сабзавотфурӯшии Панҷшанбе дар кӯчаи ба номи Хуршед Раҳимов ҷойгир шудааст.
Агар далели бепарвогии одамон ба ёдгори меъморию таърихӣ ба шумо лозим бошад, омада ин ҷоро тамошо кунед. Гузориши Ислом Раҳимов, Насим Раҳимов барои барномаи «Хабар».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.