Ҳолати зиддисӯхтории хобгоҳҳо санҷида мешавад

Хуҷанд, «СМ-1» /Ислом Раҳимов/. Кормандони хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд ҳолати бехатарӣ аз сӯхторро дар хобгоҳҳо аз санҷиш гузарониданд.

Дар кооперативи манзилии Абрешим, ки замони пеш хобгоҳи комбинати Абрешим буд, ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор санҷида шуд. Мутобиқи талаботи зидди сӯхтор истифодаи гармкунанкҳои барқии худсохт манъ карда шудааст. Танҳо истифодабарии гармкунакҳои болопӯшидаи истеҳсоли завод иҷозат дода шудааст. Аммо аксарияти бошандагони ин макон аз чунин дастгоҳҳо истифода мекунанд. Кормандони хадамоти оташнишонӣ ба ҳар истифодабарандаи чунин дастгоҳҳо огоҳӣ доданд, ки аз истифодаи он даст кашанд.

Дар соли 2010 80 дарсади сӯхтор аз истифодаи нодурусти асбобҳои гармкунии барқӣ сар задаст. Ноқилҳои барқии луч, симу ноқилҳо ва калиду васлакҳои барқии вайрона ҳамааш сабаби Сар задании сӯхтор мегардад. Дар кооперативи манзилии Абрешим, вазъи дигари хатарнок низ ҷой дорад. Ин ҷо танҳо як даромадгоҳ дорад ва даромадгоҳи дигар бошад, пуррагӣ маҳкам карда шудааст. Бино бар гуфти оташнишонон ҳолати қафои бино низ ба талаботи зиддисӯхторӣ ҷавобгӯ нест. Дар атрофии бино иншооти ёрирасон сохта шудааст, ки ҳангоми сар задании сӯхтор мошинаи оташхомӯшкунӣ наметавонад, ки он ҷо равад. Кормандони хадамоти оташнишонӣ ба шахси масъули ин иншоот ва ба ҳар кадом сокинон боз як бори дигар огаҳӣ доданд. Инчунин ҳолати хобгоҳи кормандори Раёсати корҳои ислоҳӣ низ санҷида шуд.

Дар ин ҷо низ истифодаи гармкунанкҳои барқии худсохт ба назар расиданд. Нозирон аз хадамоти оташнишонӣ арз медоранд, ки истифодаи балони газӣ дар дохили хонаҳо мумкин нест ва он бояд, ки дар ҷои кушод истифода бурда шавад. Хатҳои барқӣ бошад, дар ин ҷо низ бетартибона қарор гирифтаасту тортанакхонаро ба хотир меорад. Аз ин бетартибӣ мумкин аст, ки расиши кӯтоҳ ба амал омада сӯхтор сар занад. Дар ошёнаи поёнӣ низ хати барқ бетартибона кашида шудааст, кормандони хадамоти оташнишонӣ талаб карданд, ки ин ҳолат ба тартиб дароварда шавад.

Ин гуна санҷиш дар 11 хобгоҳи ҳудудуи шаҳр гузаронида шуд ва нисбати нафароне, ки талаботи бехатариро вайрон кардаанд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Хобгоҳи донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ аз санҷиш гузашт. Дар натиҷа коммендати хобгоҳ Дадокалонов А. ба маблаги 525 сомонӣ протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин се ҳуҷраи хобгоҳ махкам карда шуда, 11 адад разеткаҳои барқии нуқсондор боздошта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.