Ҳолати фавқулодда кам хисороти молиявӣ зиёд

Хуҷанд, «СМ-1», /Ҳалимҷон Ҷӯраев/ Соли 2010 дар ҳудуди вилояти Суғд 794 ҳолати фавқулодаи хусусияти гуногундошта рух додаст, ки маблағи зарари он 32,2 миллион сомониро ташкил намуд.

Ба гуфти Сардори ситоди Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд подполковник Исмоил Исмоилов дар соли сипаришуда ҳолоатҳои фавқулода ва офатҳои табии дар вилоят зиёд рух дод. Барои бартарафсозии обхезиҳо ва дигар ҳолатҳо ҳоло дар вилоят 18 адад ситодҳои минтаққавӣ фаъолиятро оғоз кардаанд. Ба ҳамаи сокинони ноҳияҳое, ки аз фаромадани сел зарар дида буданд кормандони ситод ёрӣ расонидаанд.

Сардори ситод оид ба Ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гараждани вилояти Суғд подполковник Исмоил Имоилов чунин гуфт: Моҳҳои июн ба ноҳияи Ашт сели калоне омада буд. Гурӯҳи наҷотдиҳандаи зудамали ситод барои наҷоти истиқоматкунандагон сафарбар шуданд. Ин гурӯх зарардидагонро ба ҷойҳои бехавф кӯчонид. Дар ноҳияҳои селфаромада тоза намудани сойҳо гузаронида шуд. Дар давоми соли 2010 ба ҳамаи онҳо хонаҳои иситиқомати низ сохта ба истифода дода шуд. Ба гуфти сардори ситод дар соли 2010 нисбати соли 2009 ҳодисаҳои фавқулодда 107 адад кам мебошад, аммо зарари он 11,8 млн сомониро ташкил намуд, ки ин нисбати солҳои пешин зиёд мебошад. Дар ин давра кормандони ситоди ҲФ корҳои тозанамои селроҳаи Хоҷабақирғон ва селроҳаи Истаравшанро оғоз кардаанд. Барои расонидани ёрӣ ба оилаҳои зарардида аз обхезӣ ва омадани сел ташкилотҳои байналхалқӣ бо ситоди ҲФ вилояти Суғд ҳамкорӣ намудааст. Ташкилотҳои байналхалқӣ ба ҳар як оилаҳои аз офати табии зарардида хонаҳои истиқомати дар ҷойҳои бехавф сохта шудааст. Ҳоҷиқул Музайянов муовини сардори ситод гуфт: «Мо бо ташкилотҳои байналхалқии РЕАКТ, СММ ва Ҳилоли Аҳмар кор мебарем. Ин ташкилотҳо дар давоми як сол барои бунёди хонаҳои шахсони аз офати табии зарардида кӯмак расониданд. Боз ба ноҳияҳои зарардидаи Панҷакент, Ашт, Айнӣ, Ғончӣ ва Истаравшан маблағҳои махсус, сару либас ва хӯрока дастрас карда шуд». Ҳоло дар дастаи зудамалӣ ситоди Ҳолатҳои фавқулода 22 нафар кор мекунанд ба гуфти сардори ситод подполковник Исмоил Имоилов бояд ин дастаро зиёд намуд. Инчунин дар вилоят корпуси наверо низ махсус барои дастаи зудамал ташкил намуд то ки ин даста бо зуди ба тамоми ноҳияҳо сари вақт сафарбар карда шавад. Маълум гардид, ки дар соли сипаришуда Ситоди ҲФ ба аҳолии вилоят дарсҳои махсусеро низ ташкил намуда буд. Бо воситаи ин дарс кормандони ситод омода будани сокинонро дар вақти ҳолатҳои обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои табии тайёр намуданд. Ҳайитқул Мадалиев сардори шӯъбаи тайёрии аҳолӣ: «Дар ин давра 535 нафар роҳбарони синфҳои дуюмро мо кормандони ситоди вилоят таълим додем. Корҳои фаҳмондадиҳи бошад дар 967 мактаби вилоят гузаронида шуда бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ бозиҳои маҳсус ташкил намудем. Барои сифати хуби таълим соати махсус ба хонандагони мактаб ҷудо карда шудааст». Сардори ситод Исмоил Имоилов дар охир хоҳиш намуд, ки дар вилоят як корпуси махсуси наҷотдиҳии пурқувватеро бояд ташкил намуд, то ин ки дар ҳолати зарурӣ аз он истифода бурда шавад. Бояд гуфт, ки дар соли ҷорӣ кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода машқҳои мудофиаи гражданиро низ гузаронидаанд. Ситод дар қалмрави вилоят 10 адад ин гуна машқро гузаронид ва 43 ададаш бошад дар сатҳи ноҳиявӣ гузаронида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.