Ҳафиза: Шодам, ки ба Ватан бо хуни худам ёрдам медиҳам

Солона ба ҳисоби миёна беш аз 6 ҳазор донор дар шимолии Тоҷикистон тақрибан 3 тонна хуни беподошт месупоридаанд. Рӯзи 25 май, Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар Суғд номи донорони фаъолро расонаӣ кард, ки ҳудуди 3 ҳазор нафар мебошанд. Ҷумъа Ҳоҷиев як марди 60 солаи ноҳияи Мастчоҳ фаъолтарин донорони хун эътироф шуд, ки 13 сол инҷониб ҳамасола то панҷ маротиба барои наҷоти нафаре хун месупоридааст. Ҳафиза Миробидоваи 61 сола дуюмин донори фаъол арзёбӣ карда мешавад, ки аз соли 1998 хуни беподошт месупоридааст. «Бисёр хурсанд ҳастам, ки хуни додаи мо ҳаёти чандин нафар одамонро наҷот медиҳад. Ва ман ифтихор мекунам, ки ба Ватани худам бо ҳамин хунам ёрдам кардам. Ҳоло ман худамро ба мисли ҷавонон сабуку чолок эҳсос мекунам.»
Аз Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар вилояти Суғд гуфтанд, ки агар саломатии донорон имкон диҳад онҳо метавонанд дар як сол то 4-5 маротиба хун супоранд. Хуни донорон асосан барои амалиёти бузурги ҷарроҳӣ, осебдидагони садамаҳои нақлиётӣ ва хунравиҳои таваллуд ва баъди таваллуди модарон сарф мешудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.