Ҳуқуқи кӯдакони гирифтори Синдроми Даун

Имруз дар рӯи ҷаҳон аз 700 нафар кӯдак 1 нафараш бо синдроми Дауна ба дунё меояд. Дар миқёси вилояти Суғд имрӯз 107 нафар кудакон бо синдроми Дауна умр ба сар мебаранд. То имрӯз волидоне, ки “фарзандони офтобӣ” доштанд, аз худ кам дарак медоданд. Ташкилоти ҷамъиятии “Назари дигар” маҳз ба хотири сарҷамъии чунин волидону кӯдакон таъсис ёфт ва имрӯз аз ҳуқуқу манфиатҳои онон ҳимоя мекунад. Мо дар ин барнома аз ҳуқуқи кӯдакони гирифтори СД сухан кардем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аз лаҳзаи аввалини таваллуди кӯдаки дорои синдроми Дауна ҳуқуқҳояш поймол мешавад. Аввалин ҳуқуқи кӯдак — ин ҳуқуқ ба зиндагӣ аст. То фурсати омодагӣ ба ин мавзуъ мо якчанд санадҳои ҳуқуқиро вобаста ба ин масъала омӯхтем. Дар кишварҳои хориҷа, ҳатто дур намеравем, аллакай дар бештари кишварҳои пасошуравӣ санадҳои ҳуқуқие таҳия ва қабул шудааст, ки чӣ тавр, дар кадом вазъ, дар куҷо бояд намояндагони таваллудхона ба волидон, ё пайвандони кӯдак аҳволи саломатии навзодро фаҳмонанд. Мо чӣ гуна тавонем, ки ин мушкилиро ҳал карда бошем?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.