Мутахассисони маркази назорати давлатӣ, санитарию эпидемиологӣ дар вилояти Суғд хушдор медиҳанд, ки ҳоло мавсими истеъмоли консерваҳо, махсусан помидору бодаринг аст. Аз ин рӯ сокинонро зарур мебошад, ки ҳангоми истеъмоли маҳсулотҳои консерва ба сифати он аҳмияти ҷиддӣ диҳанд. Чунки истеъмоли пастсифати консерва боиси сироятёбӣ ба ботулизм шуда метавонад. Агар сари вақт аз он пешгирӣ накунем, оқибаташ марг мегардад.