Субҳи имрӯз санаи 30-юми декабр дар толори МИҲД шаҳри Хуҷанд маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардид. Мавзӯъҳои баррасигардида бештар ба рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт нигаронида шуда буд, ки он аз рӯи натиҷагирии фаъолияти ин ниҳод давоми 11 моҳи охир мавриди таҳлил қарор гирифт.