ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ДИЛХУШӢ ДУБОРА ҚАТЪ ГАРДИД

Шурӯъ аз санаи 22 –октябр  фаъолияти марказҳои дилхушии шаҳр пурра манъ карда шуд. Махсусан «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» аз ин баъд шабона фаъолият намекунанд. Баста шудани дари марказҳои дилхушӣ бо қарори сардухтури Маркази назорати давлатию санитарӣ ва эпидемиологии  шаҳри Хуҷанд рӯи даст гирифта шуд.   Зиёд будани мардум дар ин мавзеъҳои дилхушӣ эҳтимолияти сар задани бемориҳои сироятӣ  махсусан каронавирус мегардад. Аз ин рӯ, то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ фаъолияти марказҳо ба пуррагӣ қатъ шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.