Тарбияи арзишҳо ба ҷавонон

Дар барномаи навбатӣ мо дар бораи арзишҳо сухан кардем. Арзиш чӣ аст? Ин ҳамон чизе аст, ки мо ба он таваҷҷуҳ дорем, афзалият медиҳем ва дар рафтори ҳаррӯзаамон ба ҳамон майл дорем. Арзиш ин муҳимият, манфиатбахшие, ки инсон ба он майлу рағбат дорад ва ба он эҳсоси эҳтиёҷ пайдо кардааст. Арзишҳо муносибати одамро ба ин ё он воқеа, ё одамон муайян мекунад. Институтҳои тарбияи арзишҳо кадом аст? Чаро арзишҳое чун одамият, эҳтироми ҳамдигар, посихотирдорӣ, муҳаббат ба оила кам шуда истодааст? Ин ҳама аз масоиле мебошад, ки дар ин барнома ҳамроҳи коршиносон матраҳ намудем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.