Дар вилояти Суғд давоми беш аз 11 моҳ 237 садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 124 нафар ба ҳалокат расидааст. Таҳлили кормандони БДА нишон медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳодисаҳои садаманокӣ 240 нафар сокинон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.