Соли гузаштаи 2020-ум новобаста аз пандемияи коронавирус истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар шудааст. Кишоварзон метавонанд сокинони вилоятро пурра бо маводи озуқаворӣ ва ниёзи аввал таъмин намоянд. Зеро ҳосили ба дастомада нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад ва содирот низ ба кишварҳои хориҷӣ кам шудааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки дар фасли зимистон сокинон вобаста бо таъмини озуқаворӣ ба мушкилиҳо рӯбарӯ нахоҳанд шуд.