Суръати сусти интернет ва мавҷи он дар бархе аз минтақаҳои вилоят боиси нигаронии муштариён гардидааст. Ин ҳолат дар бештари шаҳру ноҳияҳои дурдуст ба чашм мерасад. Масалан деҳаи Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ё Мастчоҳи Куҳӣ. Ин минтақаҳо тамоман ба интернети баландсифат дастрасӣ надоранд. Эҳтимол меравад, ки соли ҷорӣ бо насби таҷҳизоти нав суръати интернетро хубтар намоянд.