Боз як кӯдаки маъсум, духтарчаи 5 сола Сумая Ҷабборова санаи 2 ноябри соли 2020 аз бемории модарзодии худ шифо ёфт. Духтарча ташхиси нуқсони дил дошт. Кӯдак бо аломатҳои калоншавии хаҷми дил ва фишорбаландии шараёни шуш, ба беморхона бистарӣ гашт. Хушбахтона, маблағи лозима барои пардохти хароҷоти ҷарроҳии дили кӯдаки бемор дар муддати кӯтоҳ дар чаҳорчӯбаи барномаи хайриявии «Ормон» ҷамъ омаду, духтарча сари вақт ҷарроҳи шуд. Муфассал дар ин бора, навори зерин нақл мекунад: