Савдои одамон, ё одамфурӯшӣ

“Таваҷҷӯҳ” ин навбат аз масъалаи савдои одамон сухан кардааст. “Савдои одамон, ё одамфурӯшӣ”- ин ибора ва калима чӣ маъно дорад? Магар одамонро хариду фуруш мекунанд? Мо дар китобҳои таърихи замони қадим хондаем, ки бозори ғуломфурӯшон амал мекардааст ва дар асрҳои минбаъда шахсони бой одамонро чун ғулом кор фармуда, аз ҳамаи ҳуқуқҳояшон маҳрум мекардаанд. Хушбахтона ин ҳолат ба ҳукми таърих рафт. Имрӯз чӣ гуна аст? Мутаассифона имрӯз ҳам ҳодисаи хариду фуруши одамон дар ҷаҳони муосир ҷой дорад. Онро одамрабоӣ, одамфурушӣ, ё траффик меноманд. Мо имрӯз мехоҳем, ки ба ин масъала равшанӣ андозем. Мавзуи аввалини барнома аз шарҳи ин ибора сухан мекунад, ки ба он баҳои ҳуқуқӣ додааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.