Шумораи фавт аз коронавирус ва гирифторшавии сокинони вилояти Суғд аз ҷониби Раёсати тандурустии вилоят расман пешниҳод гардид. Давоми як соли охир 4 ҳазору 392 нафар сокинони вилоят ба коронавирус сироят ёфта, ҳамагӣ 30 нафар фавтиданд. Шумораи гирифторони бемории илтиҳоби шуш бошад, дар соли 2020-ум 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аммо фавт ҳанӯз дақиқ нашудааст.