Шумораи нашъамандон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод зиёд шудааст. Аз рӯи таҳлили кормандони Агентии мубориза алайҳи маводи нашъовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд, 248 нафар дар шаҳри Хуҷанд ба бемории нашъамандӣ мубтало мебошанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта бештар гардидааст. Бо хамин бемори дар Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 80 нафар ва Зафаробод 11 нафар мубтало гаштаанд. Ин нишондиҳандаҳо афзоиш ёфта, ташвишовар боқӣ мемонад. Мафтуна Шукурова ва Насим Раҳимов гузориш медиҳад.