Дар 11 рӯз 21 сӯхтор. Яъне ҳамарӯза ду ҳолати сӯхтор дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуши сӯхтор ҳолати фавт низ ба қайд гирифта шудааст, ки марди 76 сола мебошад. Марҳум зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт будааст.