Чорабиниҳои соли нави 2021 дар кишвар таҷлил карда намешавад. Арчаи Соли навӣ, ки ҳамасола дар маркази шаҳру ноҳияҳо рост карда мешуд, имсол гузошта мешавад ё не ҳануз маълум нест. Масъулини Маркази назорати давлатӣ ва санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар асоси тавсияи Ситоди ҷумҳуриявӣ як қатор чорабиниҳои соли навиро дар ҳудуди шаҳр манъ кард. Ин корро ба хотири пешгирӣ аз коронавирус пешбинӣ шудааст.