Дар сӯҳбати соҳибдилон бо Ҷӯрабек Набиев: «Роҳи санъат пурпечутоб аст.

Ҷӯрабек Набиев: «Роҳи санъат пурпечутоб аст. Модарам ҳамеша сахтгир, аммо дастгиру муттакои ман буд… Ба ваъда вафо кардан шарти муҳими инсон будан аст…. Агар овози хуш дошта бошам, набояд ифтихору мағрурӣ кунам! Шукри Худовандро дорам, ки барои халқи азизам хизмат мекунам…. «

Ҳамсӯҳбати ман соҳибдиле аст, ки ҳамсоли устод Лоиқ мебошад. Номи аввалинаш  Абдуҳалим будааст. Думоҳа буд, падараш дар як маъракаи тӯйи шиносаш ба Тошканд меравад ва он ҷо овози сарояндаи мумтози ҳамон замон Ҷурахон Султоновро мешунавад. Ният карда омада номи писарашро ба Ҷӯрабек иваз мекунад. Вақте яксола мешавад падараш ба ҷанг меравад ва пас аз як соли дигар хати сиёҳи падар меояд. Модар бо як писар монд. Дигар шавҳар накард, Ҷӯрабеки хурдсолро бо сари баланд тарбия карду ба воя расонид. Аз ин рӯ модар барои қаҳрамони барномаи ман басо азизу мукаррам аст. Устоди санъати Шашмақом Ҷӯрабек Набиев меҳмони СМ-1 буданд. Ду барнома сабт шуд. Ин қисми аввали барнома аст, ки бештар аз замони кӯдакӣ ва муносибат ба касбу шӯҳрат сухан мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.