«Дар сӯҳбати соҳибдилон» бо Дилбар Самадова

Муносибати мо ба китоб чӣ гуна аст? Китоби чопии қоғазӣ дар хониш кайфияти дигар дорад. Дар хонае, ки китоб қадр дорад, бошандагонаш низ бомаърифату соҳибмаданиятанд. Беҳтарин ҳадя китоб аст, агар қадру қимати онро донем. Шогирдон барои меҳмони навбатии барномаи «Дар сӯҳбати соҳибдилон» Дилбар Самадова мисли фарзандонаш мебошанд. Мавсуф мудири китобхонаи Донишгоҳи Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров буда, ҳамзамон устоди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик мебошанд. Сӯҳбати мо дар рӯзҳои таҷлили 14-уми феврал, чун  санаи зодрӯзи муаллима ва ҳамчунин рӯзи ҳадяи китоб сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.