Даргузашти Исматулло Ибодуллоев табиби ҳозиқ дар Хуҷанд

Шаби гузашта дили боз як табиби маъруфи вилояти Суғд аз тапидан бозмонд.  Исматулло Ибодуллоев ҳамагӣ 60 сола буд. Вай ҳамчун мудири шуъбаи андрологияи Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ дар шаҳри Хуҷанд кор мекард.  Ӯ яке аз урологҳои варзидаи тоҷик буд. Исматулло Ибодуллоев як моҳ инҷониб аз бемории “илтиҳоби шуш” табобат мегирифт. Аммо бегоҳи рузи гузашта, яъне санаи 3-юми ноябр аз олам гузашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.