Ваксинаи сурхча-гулафшон ба сурхча-баногӯшак гулафшон иваз шуд. Ин дар асоси фармоиши махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба роҳ монда шуд. Имунизатсияи ин ваксина аз имрӯз санаи 23-юми ноябр оғоз мешавад. Ваксинаи мазкур барои имунизатсияи кӯдакони синни 1 сола ва имунизатсияи такрорӣ ба кӯдакони синни 6 сола истифода бурда мешавад.