Дар вилояти Суғд 66,6 фоизи садамаҳо аз ҳисоби баланд будани суръати харакати наклиёт рух медихад. Яке аз чунин садамаҳое, ки маҳз аз ҳисоби суръатафзоӣ ба вуқӯъ пайваст, ин садамаи нақлиётии, санаи 13-уми ноябр аст, ки дар шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи он 1 нафар бинобар бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ба ҳалокат расид.