3 рӯз мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши гул, бутта ва ноҳолҳо ташкил ва гузаронда мешавад. Дар ярмаркаи мазкур деҳқонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор бех ниҳолҳоро ба сокинону меҳмонони шаҳр пешниҳод намуданд.