Меҳмони навбатии барномаи “Офтобборон” доктори илмҳои филологӣ профессор Замира Ӯлмасова яке аз ғазалҳоеро аз дафтари ашъори Лоиқ Шералӣ шарҳу тафсир намуданд. Бо воситаи шарҳ ҳар нафар аз маъноҳои доманадори он воқиф мегардад. Адабиётшинос зинаҳои ташаккулёбии жанри ғазалро дар адбиёти муосири тоҷик ёдовар шуда нақши Лоиқро дар он бузург донист. Шакли пурраи сӯҳбатро тамошо кунед.