Парвина Азизова

Паривина Азизова Парвина Азизова – аз соли 2003 то ин ҷониб ҳамчун рўзноманигор дар телевизиони СМ-1 фаъолият дорад. Муаллиф ва барандаи барномаи телевизионии «Ормон» мебошад.
Азизова Парвина Насирҷоновна – миллаташ тоҷик, 18 июни соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Хатмкунандаи мактаби миёнаи №19-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Маълумоташ Олӣ, аз рўи ихтисос иқтисодчӣ ва муҳосиб мебошад. Соли 2003 Донишгоҳи Давлатии Ҳуқуқ, Бизнес ва Сиёсати Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст.
Аз соли 2014 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Таҷрибаи кориро дар соҳаи журналистика Парвина Азизова дар давлатҳои хориҷа – ИМА ва Аврупо омӯхтааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад. Шавҳараш, Акрамхўҷа Азизов, соли таваллудаш 1979, дар Телевизиони СМ-1 дар вазифаи директори генералӣ кор мекунад.
Парвина Азизова cоли 2014 дар озмуни рўзноманигорони вилояти Суғд соҳиби дипломи дараҷаи якум гардид. Соли 2015 бошад, дар фестивал озмуни байналхалқии рўзноманигорон, ки дар шаҳри Маскав барпо гашт, дар бахши силсилабарномаҳои телевизионӣ марбут ба мавзўи маъюбон, ҷои якумро ишғол намуда, соҳиби дипломи байналхалқӣ гардид.
Соли 2016, Парвина Азизова Ташкилоти Ғайритиҷоратии «Фонди хайриявии Ормон»-ро, ки мақсадаш эҳсонкорист барпо намуда, ҳоло онро роҳбарӣ менамояд.