Илҳомҷон Ҳошимов

Илхом ХошимовҲошимов Илҳомҷон Раҷаббоевич. Санаи 24-уми июни соли 1976 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд (имрўза Б.Ғафуров) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1983 ба мактаби миёнаи №31 рафта, онро соли 1993 бо муваффақият хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро соли 1998 бо дипломи аълочӣ хатм кардааст.
Аз соли 1998 фаъолияти худро бо кори телевизион пайвастааст. Солҳои 1998-2000 ба ҳайси хабарнигори шўъбаи иттилоотӣ, баъдан мудири шўъбаи иттилоотии ШТР СМ-1 ва аз соли 2003 то 2005 дар вазифаи сармуҳаррири ин телевизион, солҳои 2005-2007 дар телевизиони вилояти Суғд дар вазифаи мудири шeъбаи сиёсӣ — таҳлилӣ кор бурдааст. Аз соли 2007 ин ҷониб дар ШТР СМ-1 вазифаи сармуҳарририро ба ўҳда дорад. Инчунин аз соли 2013 инҷониб бо кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамкорӣ намуда, ба донишҷӯён аз журналистикаи телевизионӣ дарс медиҳад. Аъзои Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муаллифи барномаҳои телевизионии «Мусоҳиба»(мустақим), Ташреҳ (шарҳи матбуоти даврӣ) «Ҷавонони асри нав» (гузоришҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ), «Мусоҳиба бо муҳоҷир» » (гузоришҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ), Таваҷҷўҳ »(гузоришҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ) мебошад.
Таҷрибаи кориро дар риштаи журналистика инчунин дар давлатҳои хориҷа – ИМА, Ҷопон ва Федератсияи Россия омӯхтааст.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.