Зулфияи 95 сола: «Хушбахтӣ на сарват, балки афзудани шаҷара аст»

Зулфия Пӯлотова, як зани 95 сола хушбахтии зиндагияшро на сарвати зиёд балки «афзудани давомдиҳандаи шаҷара» медонад. Пиразан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сар мебарад ва соҳиби 6 фарзанд, 24 набера, 64 абера ва 11 чабера мебошад. Зулфия Пӯлотова худро коргари замоне фаъоли колхоз меҳисобад ва мегӯяд ба танҳоӣ фарзандонашро бузург кард. Зеро шавҳараш дар овони кӯдакии фарзандон дар замони ҶБВ аз олам даргузаштааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий