Зариф Назирӣ: «…онҳоро касе тарбияи дуруст накардааст»

Соли гузашта аз 4720 нафар хатмкунандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров танҳо 1979 нафар ба курсии донишҷӯӣ нишастаанд. Аммо тахмин 700 нафари дигар, ки ҳуҷҷатҳои худро ба маркази миллии тестӣ супурида бурданд ба донишгоҳ роҳ наёфтаанд. Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобҷон Ғафуров дар нишасти хабарӣ аз ин ҳолат нигаронӣ намуда афзуд, ки   танҳо 58,8 дарсади хатмкунандагон ба донишгоҳҳо дохил шудаанд «боқимонда куҷо рафта истодаанд ва ё бо чӣ кор машғуланд» суол гузошт ӯ. Аз рӯи нақли Зариф Назирӣ зиндагии танҳо 58,8 фоизи хатмкунандагон, ки донишҷӯ шудаанд беҳтар шуда истодааст ва зиндагии 41,2 дарсади боқимонда ба сатҳи паст фаромада истодааст, ки ӯ аз ин вазъ розӣ нест. Аз ин рӯ Зариф Назирӣ маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро муваззаф кардааст, ки «дучанд кор кунанд».  «Фоизи дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 60% ин паст аст. 40% фарзандон аз 18 солагӣ шавҳар мекунад. Ҷойи корӣ нест шароити зиндагӣ вазбин шавҳар маҷбур ба Русия муҳоҷир мешавад. Синфи 10-11-ро хатм кардагӣ дониши кофӣ надорад, барои дохил шудан ба мактабои олӣ бисёр мушкилиҳоро ба миён меорад. Муомила бо хушдоману хусурро надоранд, онҳоро касе тарбияи дуруст накарааст, хӯрок пухта наметавонад. Агар хатмкунанда ба  донишгоҳ дохил шавад ӯро панҷ сол донишгоҳ тайёр мекунад. Аммо  падару модарон намехоҳанд фарзандашон донишҷӯ шавад». 

Аз 130 мактаби миёнаи мавҷудаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8-тояш таъмирталаб ва 3 мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст. Зариф Назирӣ кам будани мактабҳои миёнаро муаммои асосии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров медонад. Бино ба иттилои Назирӣ давоми 5 соли охир ба маблағи зиёда аз 10 миллион сомонӣ дар ҳар як ҷамоатҳои ноҳия 1-тои мактаби калон, барои беш аз 500 нафарӣ хонанда  бунёд карда мешавад.

 

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий