Заҳролудшудагон аз беморхона ба хона баргаштанд

Шаш нафар сокинони шаҳри Хуҷанд, ки аз истеъмоли оши палав заҳролуд шуда буданд, имрӯз 3-уми январ аз беморхона ба хона баргаштанд. Духтурони беморхонаи рақами якуми шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки онҳо аз истеъмоли маҳлули кимёвии «нитрати натрий», ки ба ҷойи намак ба оши палав рехта шудааст заҳролуд шудаанд. Аз ин 6 нафар заҳролудшудагон 3 нафар аъзои як оила ва боқимонда ҳамсояҳо мебошанд. Қаблан рӯзи 30-уми декабри соли 2017 дар назди бинои рақами 5-и маҳаллаи 19 гурӯҳе ба муносибати Соли нав оши палав пухта заҳролуд шуданд, ки дар натиҷа чаҳор нафар аз онҳо фавтиданд. Феълан мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий