Худкушии 34 хонанда ва барканории 21 директор дар Суғд

Раёсати маорифи вилояти Суғд 21 нафар директорони мактабро давоми як соли ахир аз вазифа барканор кардааст. Ин директорон бинобар суст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, самаранок ҳамкорӣ накардан бо волидайн ва иҷро накардани ӯҳдадориҳои муайяннамудаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз вазифаи сабукдӯш шудаанд.  Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд гуфт: «Барои суст будани корбарӣ нисбати бисёре аз директорон ҷораи интизомии «ТАНБЕҲ» дода шуд. Барои он ки ба дигарон ибрат шавад ва онҳо корбариро ҷоннок кунанд ва нисбати ин масъалаҳо бетараф набошанд».

Давоми соли гузашта  дар вилояти Суғд 38 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задаанд, ки 34 нафари онҳо хонандагони мактаби миёнаянд. Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он байни хонандагони мактаби миёна 9 адад зиёд шудааст. Дар умум давоми соли 2017 дар шимолии Тоҷикистон 145 нафар ноболиғон ҷиноят содир кардаанд, ки 75 нафари онҳо хонандагони мактаб ҳастанд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий