Хисороти шамол дар Хуҷанду Ашт 7 млн 720 ҳазор сомонӣ

Шамоли шаби 26 ба 27-уми декабри соли 2017 ба буҷаи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт 7 миллиону 720 ҳазор сомонӣ хисороти пулӣ расонидааст.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр 5 миллиону 890 ҳазор сомонӣ хисорот расонид. «Ин танҳо зарари масолеҳи сохтмонӣ буда барои буҷаи шаҳр хисороти калон маҳсуб меёбад» гуфт, Маъруф Муҳаммадзода. Ӯ дар идома зикр намуд, ки ҳоло ҳам корҳои барқарорсозии оқибати шамоли бошиддат дар муассисаҳои давлатӣ, соҳаҳои тандурустиву маорифи Хуҷанд ба пуррагӣ анҷом наёфтааст. «Дар натиҷаи ин тундбод 56 хонаҳои баландошёнаи истиқоматии давлатӣ осеб диданд.  Дар ин биноҳо корҳо оғоз гардида як қисми онҳо барқарор карда шуд. Мо бетараф нестем ва ба шахсони камбизоату ниёзманд кӯмак расонида истодаем. Сифати корҳои сохтмонӣ дар ин биноҳо албатта беҳбуд мехостааст. Баъзе биноҳои баландошёнаро сокинон тариқи ҳашар, беназорати мутахассисон таъмиру бомпӯш карда будаанд. Маълум гашт, ки касбияти ҳамон устоҳое, ки корҳои сохтмониро анҷом дода буданд дар сатҳи паст будааст».

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо низ рӯзи 25-уми январ, зимни нишасти хабарияш ба журналистон гуфт, шамоли охири моҳи декабри соли гузашта  ба ин ноҳия 1 миллиону 830 ҳазор сомонӣ зарар расонид. «Шамоли бошиддат болопӯши 39 мактаб, беморхонаи марказӣ ва хонаинтернатро қисман ва пурра барканда ба 129 симчӯби барқӣ осеб расонид. То имрӯз аз ҳисоби идораи суғурта 45 ҳазор сомонӣ ва аз фонди захиравии раиси ноҳия беш аз 30 ҳазор сомонӣ ба зарардидагон аз шамол кӯмаки пулӣ расонида шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси ноҳия ва соҳибкорон зиёда аз 3000 шифер харидорӣ карда, мо ҳоло зарари шамолро барқарор кардем».

Шамоли бошиддати охири соли 2017 талафоти ҷонӣ дар пай надошт, аммо ба чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд хисороти калони пулӣ ба ҷой гузошт.

Поделиться в:

Похожие записи