Хайрулло Бобозода: Ӯзбекистон ба картошка ниёз дорад

Кишоварзони вилояти Суғд тасмим дорад, дар пайи боз шудани роҳ бо Ӯзбекистон ба ин кишвар картошкаву меваи хушк фиристанд. Хайрулло Бобозода, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар нишасти хабарияш иттилоъ дод, ки талаботи Ӯзбекистон ба картошка хело зиёд аст. Аз ин рӯ онҳо тасмим гирифтаанд, ки бо ворид намудани тухмиҳои босифат майдони кишти картошкаро зиёд намоянд. «Мо имкон дорем, ки 10-15 рӯз пештар аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя маҳсулоти худро ба кишварҳои Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳо содир кунем».

Соли 2017 нархи килои картошка дар бозорҳои Суғд то ба 5 сомонӣ гарон шуд ва кишоварзон яке аз сабаби онро ба кишти ками картошка вобаста карданд.  Бино ба иттилои Хайрулло Бобозода дар мавсими имсола кишоварзон дар майдони 9716 гектар картошка киштаанд, ки назар ба соли 2016-781 гектар зиёд аст. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд 324864 тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки назар ба соли 2016-20018 тонна кам аст. Хайрулло Бобозода гуфт:  «Мо тамоми чораҳоро меандешем, то ба охир нарасидани захира ҳосили картошкаи барвақтиро пешкаши мардум мегардонем ва бо ин восита нархро дар бозор мӯътадил нигоҳ медорем. Яке аз мушкилӣ ин набудани тухмиҳои барвақтӣ буд ва мо ҳоло онро аз Русия ворид карда истодаем».

Бино ба таҳлили кишоварзон аз як гектар майдони картошка деҳқонон беш аз 30 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меоранд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий