Видеои бархӯрди се нақлиёт, ки корманди IRS-ро кушт

Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд видеоӣ садамаи шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ»-ро дар ихтиёри СМ-1 гузошт, ки бар асари он як корманди ширкати IRS ба ҳалокат расида дуюмин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. Ин ҳодиса соати 07:30 дақиқаи рӯзи 11-уми январ дар ҳудуди Шаҳристон баъди бархӯрди се автомашина ба вуқӯъ пайваст. Феълан оиди ин садама шӯъбачаи тафтишотии Шӯъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шаҳристон мавод тартиб дода санҷишро оғоз кардааст. Бозрасӣ мегӯяд, нахуст автомашинаи боркаши тамғаи «КАМАЗ-53212» ба қафои «Мерседес-Бенс» бархӯрда баъдан ба мошини тамғаи «ГАЗ-53» бархӯрдааст, ки дар он ду корманди ширкати IRS қарор доштанд. Дар пайи ин садамаи марговари нақлиётӣ Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд ба роҳбарияти ширкати IRS чанд пешниҳод ирсол кардааст. Аз ҷумла дар он пешниҳод гуфта мешавад, ки «Мувофиқи талаботи банди 10.11-и меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ (СНиП)  дар роҳҳои дараҷаи 3-юм, дар масофаи аз 25 то 35 километр роҳҳои автомобилгард истгоҳҳо барои дамгирӣ, таъмири воситаҳои нақлиёт ва нуқтаҳои савдо (кемпинг) пешбинӣ карда шудааст. Аз ин лиҳоз оиди ташкил ва роҳандозӣ намудани 8 адад кемпингҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ, махсусан дар минтақаҳои хавфнок, гардишҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ насб намудани лавҳаҳои огоҳкунанда ба роҳбарияти ширкати саҳҳомии «Иновайтив Роуд Солюшнз ЛТД» аз ҷониби Шӯъбаи БДА Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд  пешниҳодот ирсол карда шуд.” 

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий