Ватанпарастӣ аз худшиносӣ оғоз мешавад! Муаррифии арзишҳои миллӣ, ватанпарастӣ

Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар! Ин шеъри Ҳабиб Юсуфиро ҳар як хатмкардаи мактаби замони шӯравӣ азёд медонад. Дар баробари донистан амал ҳам мекард. Агар синнаш ба 18 расад, ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ мерафт ва боисрор талаб менамуд, ки ӯро ба хизмати модар ватан фиристад. Аз он ҷо аввал ба номи модараш мактуб мекард. Ассалом модарҷон! Шумо чӣ хел, саломатиятон хуб аст? аз ман пурсед, ман дуруст, нағз хизмати модар-ватанро адо карда истодаам…. Ман ҳозир ба зеҳни аксари он бинандагоне, ки синну солашон аз 45 болост айёми аскариву мактубҳои навиштаашонро ба ёдашон овардам…. Ин руҷӯи мо ба замони гузашта буд. Имрӯз бошад чунин ҳолат мутаассифона кам аст. Дар мо эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ кам шудааст. Иллат дар чӣ аст? «Таваҷҷуҳ» ин навбат ин масъаларо пайгирӣ кардааст.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий