Усули «кенгуру» талош барои наҷоти кӯдаки норасида

Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар таваллудхонаи вилояти Суғд беш аз 1000 кӯдаки норасида таваллуд шуда 156 нафари онҳо фавтидаанд. Духтурон мегӯянд, ин кӯдакон аз 22 ҳафта то 37 ҳафтаи ҳомиладории занон таваллуд шудаанд. Сабаби афзудани ҳолати валодати пеш аз мӯҳлат ин синну соли дери занҳои зоянда, истеъмоли зиёди доруҳо ва бурриши қайсарӣ гуфта мешавад. Ба кӯдакони пеш аз мӯҳлат ба дунё омада нигоҳубини хосе лозим аст. Барои пешгирӣ намудан аз сироятёбии кӯдаки норасида, гарм нигоҳ доштани ӯ ва ғизодиҳии табиӣ муҳим аст. Духтурон ҳоло усули «кенгуру»-ро ҷорӣ кардаанд. Ин тарзи нигоҳубиниро аз 20 дақиқа то соатҳои тӯлонӣ метавон истифода бурд.

Поделиться в:

Похожие записи

Оставить комментарий